4973800 сомонии шаҳрдорӣ барои кумакпулии яквақта
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар остонаи таҷлил аз 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 90-солагии пойтахт зери қароре имзо гузоштааст, ки дар асоси он ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил кумакпулӣ дода мешавад.
Дафтари матбуотии раиси шаҳр мегӯяд, ҷудо гардидани маблағ аз ҳисоби ҳукумати шаҳри Душанбе ҳамчунин ба оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, хонаводае, ки дар он ду ва зиёда маъюб зиндагӣ мекунад, кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои навоҳии пайтахт, ки дар ободонӣ саҳм гузоштаанд, пешбинӣ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, бо қарори Убайдуллоев ҷиҳати расонидани кумакпулии яквақта 4 миллиону 973 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо гардид, ки 1 миллиону 519 ҳазору 100 сомонии он барои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳое, ки дар онҳо ду ва зиёда маъюб зиндагӣ мекунад, пешбинӣ гардидааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони 4 навоҳии шаҳри Душанбе супориш додааст, ки дар аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар расонидани кумаки моддӣ ба хонаи пиронсолон, мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакону тифлон, муассисаҳои иҷтимоии шаҳрӣ ва оилаҳои камбизоат, мусоидат намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |