Бахшҳо
09 сен 2014 08:16Тоҷикистон / Сиёсат

Се назар: Тоҷикистон ба истиқлоли воқеӣ расида аст?

Аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 23 сол гузашт. Дар мавриди чӣ гуна соҳиб шудан ба он ва то кадом ҳад мустақил будани кишвар назарҳо мухталифанд. Дар остонаи Рӯзи Истиқлол “Озодагон” аз се соҳибназар пурсид: Тоҷикистон ба истиқлоли воқеӣ расида аст?


Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Албатта ба истиқлолияти воқеӣ расидаем, чунки соли 1991 эъломияи истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қабул намудем ва баъдан бо шарофати истиқлол рушди иқтисодиёт, озодиҳои инсон таъмин карда шуд. Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохтанд ва бо 150 кишвари дунё робитаҳои ҳамкорӣ дорем. Даҳҳо кишварҳо сафоратхонаи худро дар кишвари мо кушоданд ва мо низ дар дигар давлатҳо сафоратхонаҳои худро кушодем, ки ин ҳама аз он дарак медиҳад, мо ба истиқлолияти комил расидаем.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос
Фикр мекунам, ки на. Ҳамон вақт истиқлолият воқеӣ мешавад, ки ҳамаи мардум меваи ширини онро чашида бошад. Ҳоло бошад, меваи он барои бисёриҳо талх аст.

Мардон Муҳаммад, хабарнигор
Ҳанӯз на. Барои истиқлолияти воқеӣ истиқлолияти иқтисодӣ ва энержӣ лозим аст. Бино ба иттилои манобеи расмии Тоҷикистон бештари корхонаҳои саноатӣ бо тавоноии нопурра фаъолият карда ё аз фаъолият бозмондаанд. Ба ин далел мушкили бекорӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи боло қарор дошта ва беш аз 1 миллион шаҳрвандони тоҷик барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷӣ муҳоҷират кардаанд. Мавзӯи камбуди энержӣ ва дар муддати 6 моҳи тирамоҳу зимистон мушкили шадиди камбуди барқро ҳоҷат ба баён нест.

Мӯҳр
Аз достони "Ҳамосаи дод"и устод Мӯъмин Қаноат.

Мурғи истиқлол омад пайки иқболи баланд,
Чун ҳумое соя меафганд аз боли баланд.
Марду зан по шуд ба истиқболи инъоми Худо,
Ку расуле, к-оварад имрӯз пайғоми Худо.
...Мардуми побаста чун вораст аз занҷирҳо,
Шуд бурун аз чорчӯби худ ҳама тасвирҳо.
Бехабар аз он ки озодӣ ба Имон бастааст,
Нест махлуқе, ки аз занҷиру зиндон растааст.
Ин ду ҳарфи соддаи ноошно таъбир шуд,
Ончунон тасвир шуд, охир нишони тир шуд.
Боз аз ҷанги сухан шуд тоза як захми куҳан,
Ҳар тане мехонд шаҳри хешро танҳо Ватан.
Ин атои осмонӣ сар бо поён рафт, рафт,
Ҳамчу инъоми худоӣ бар гадоён рафт, рафт...

агар магар
агар дар баданат оханпорае аз минаву баму тир дори оё ту одами комилан сихати ?????агар дар хоки ватанат хазорон тан сарбозони бегонаи то гушхо мусаллах ва хазорон чосусони ошкору пинхон, окнои норакбарин дидбонгоххо 2 миллион гаравгон-мухочири мехнати дошта боши, аз тарс хоки ватанатро ба дигаре бубахши бо кадом забон аз истиклол харф мезани? ё ба маънии ин вожа сарфахм намерави ё мардумро гулу нодон мешумори окои солехи усмон????

Ханузхам мо ба истиклолияти сиёси нарасидаем ин хама рамзи аст ки мо истиклолият дорем то аз таъсири давлатхои дигар набароем мо сохибистиклол нестем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)