Бахшҳо

Тақозои созмонҳои журналистии Осиёи Марказӣ барои лағви маҳдудиятҳои беасос

Чанд созмони маъруфи марбут ба рӯзноманигорӣ дар Осиёи Марказӣ бо нашри паёми табрикие хостори ҳамрайъии бештари журналистон шудаанд.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Институти “Медиа полис”-и Қирғизистон , Бунёди дифои озодии сухан “Адил соз”-и Қазоқистон ва Созмони байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ “Артикль 19” тамоми ҷомеаи рӯзноманигориро ба муносибати Рӯзи ҳамрайъии журналистон табрик кардаанд. Дар табрикномаи ин созмонҳо аз ҷумла омадааст: “Рӯзноманигоронро мебояд дар масоили пешрафти озодии сухан ва дифоъ аз ҳаққи ҷомеа новобаста аз назарҳои мухталиф ва ҷойи зисти гуногун ва расонаҳои бо ҳам дар рақобат ҳамраъй бошанд”.

Дар идомаи номаи табрикӣ гуфта мешавад: “Рӯзноманигорӣ дар Осиёи Марказӣ бо ҷой доштани таҳдид ва боздошти журналистон ҳамоно як ихтисоси хатарнок боқӣ мондааст. Аз авоили соли 2014 даҳҳо чунин далел сабт шуда, ки дастандаркорони он беҷазо мондаанд”.

Ин созмонҳо дар поёни мактуб аз ҳукуматҳои Осиёи Миёна тақозо кардаанд, ки дастрасии бемамоният ба интернетро таъмин намуда, маҳдудиятҳои ба гуфтаи онҳо беасосро дар баробари озодии баён лағв ва барои дастрасӣ ба иттилоот дар ҳолатҳои изтирорӣ шароит фароҳам биёваранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)