Ҳамлаи толибон ба марзи Туркманистон

Толибон ба таври мудовим қисмати марзи муштарак бо Туркманистонро ноором мекунанд ва ин ҳамалот гоҳе ба халлъи силоҳ ва куштани марзбонони туркман анҷом меёбад.
Бахши туркмании Радио “Озодӣ” хабар додааст, ки рустои Шоҳ дар вилояти Форёби Афғонистон зери дасти толибон аст ва онҳо хонаву мошинҳои сокинони маҳаллиро оташ задаанд. Сардори пулиси Бубӣ, гуфтааст, қисме аз бошандагони рустои Шоҳ тавонистанд то омадани ҷангҷӯён фирор кунанд. Ба иттиллои Бубӣ ҳудуди 100 нафар зердастони ӯ тули се рӯз рустои Шоҳро дифоъ карданд.
Дар ҷараёни задухурдҳо Толибон чанд нафарро аз даст додаанд, аммо бо далели ин ки мудофеони русто неруи изофӣ надоштанд, назорати деҳа ба дасти толибон афтид. Ин задухурд дар сарҳади Туркманистон сурат гирифт ва бештари вақт чунин ҳамалот мунҷар ба куштани шудани марзбонони туркман мегардад. Тақрибан 20 рӯз қабл толибон ду посгоҳ дар марзи Туркманистонро мавриди ҳамла қарор доданд. Бино бар иттиллои ғайрирасмӣ дар ин даргирӣ чанд тан аз марзбонони туркман ба ҳалокат расидаанд.“Агар ба мо кумак расонанд ва силоҳ бидиҳанд, нерӯ ва тавони дифоъ кардани марзи Туркманистону Афғонистонро дорем”,- гуфтааст сардори пулис.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |