ҲНИТ ба Вазорати адлия дар бораи фишорҳо мактуб мефиристад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди фишорҳо таваҷҷуҳи ҷавонон ба фаъолияти ҳизб бештар шудааст.
Дар ҷаласаи моҳонаи ҲНИТ, ки имрӯз, 8 сентябр баргузор шуд, шӯъбаи омор ва назорати ҳизб гуфтааст, “бо вуҷуди идомаи фишорҳо, нишондодҳо дар моҳи август нисбат ба моҳи июн ду баробар афзудааст. Таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҳизб аз тарафи қишрҳои гуногун, ба хусус, ҷавонон бештар гаштааст”.
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва вакили маҷлиси намояндагон дар шарҳи болоравии натиҷаҳо ва беҳтар шудани нишондодҳои ҳизб гуфтааст: “Сиёсати пешгирифтаи мо, яъне, пеша кардани сабр ва таҳаммул дар баробари монеъаҳо ва фитнаҳо натиҷаҳои худро дода истодаанд ва дар оянда натиҷаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Амалҳои носанҷида, ғайриқонунӣ ва фитнаангезии баъзе доираҳо таваҷҷуҳи мардумро бештар гардонд ва саволҳоро ба вуҷуд овард, ки чаро алайҳи як ҳизби қонунии кишвар чунин иқдомҳо якбора оғоз гаштанд. Оё дар як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд чунин кор имкон дорад? Таҳлили вазъ ва талош барои пайдо кардани ҷавоб ба ин савол мардумро ба хулоса меорад, ки инҷо ҳатман мушкилие вуҷуд дорад”.
Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ афзуда, “модоме, ки наҳзат сиёсатҳояшро тибқи қонун ва бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ ва дур аз фитнаву эҳсосот пеш мебарад, пас мушкил дар касонест, ки ин ҳама мушкилотро ба вуҷуд меоварад. Ин ҳама боиси шинохти беҳтар ва таваҷҷуҳи хубтари мардум гаштааст, ки дар нишондодҳои ахир инъикос ёфтаанд”.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ҲНИТ, яке аз масъалахои баррасишуда, эҷоди маҳдудиятҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизб будааст. Манбаъ мегӯяд, “тасмим шуд, ба Вазорати адлияи Тоҷикистон номаи расмӣ дар ин мавзӯъ фиристода шавад, то паҳлуҳои қонунии ин масъаларо шарҳ бидиҳанд, зеро мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба дархости расмии ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар бораи додани толор барои ҷаласа ҷавоби мусбат намедиҳанд ва дар манзилҳои шахсӣ гузаронидани ҷаласаҳо аз тарафи мақомот низ пешгирӣ мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |