Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ имрӯз ҳукумати алтернавиашро элон мекунад
Тими ислоҳот ва ҳамгироӣ бо раҳбарии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз “бенатиҷа” анҷом ёфтани музокирот бо тими интихоботии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай хабар додааст.
Фазлурраҳмон Ориё, яке аз сухангӯёни тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ ба расонаҳо гуфтааст, гуфтушуниди ҳар ду номзад бидуни натиҷа анҷом ёфт ва доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ “дар ҷараёни имрӯз мавқеи худро эълом мекунад”.
Тибқи ин иттилоъ, соати 16:00 ба вақти Кобул доктор Абдуллоҳ ҳукумати алтернавиро эълом хоҳад кард. Ин хабар дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки рӯзи гузашта Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар як суҳбати телефонӣ аз доктор Абдуллоҳ хоста буд, то аз эълони ҳукумати алтернативӣ худдорӣ намуда, бо тими Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай сари мизи гуфтушунид биншинад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |