Раҳмон ва Ҳоҷӣ Амон созишномаи канорагирӣ аз андозбандии дукаратаро зарур хонданд
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон, вазири умури хориҷии Малайзия хостори рушди ҳамкориҳои бештари бахши хусусии ду кишвар шудааст.
Дафтари матбуотии раиси ҷумҳур иттилоъ дод, дар ин мулоқот, ки 8 сентябр доир гардид, ҷонибҳо таъсиси ҳарчи зудтари комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ ва фаъол намудани комиссияро зарур хондаанд. Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон атрофи роҳандозии робитаҳои байнипарлумонӣ суҳбат намуда, инчунин мусоидат ба густариши робитаҳои мустақим миёни сохторҳои хусусӣ ва соҳибкории ду кишварро муҳим донистаанд. Ҷонибҳо ба таъкид кардаанд, барои рушди ҳамкориҳо дар бахши хусусӣ созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андоз, даромад ва сармоя бояд ба имзо расонда шавад.
Тибқи иттилои манбаъ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва туризм аз мавзӯҳое буданд, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон матраҳ гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |