ВИДЕО: Наздикони Саъдии кушташуда: Падари қотил дар озодӣ аст

Наздикони Саъдӣ Сатторови 25 сола, ки моҳи апрели соли 2013 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и пойтахт кушта шуд, иддао доранд, Саймурод Муродов, ки барои ироаи санади тақаллубии тиббӣ 2 сол равонаи зиндон гардид, 10 рӯз аст, дар озодӣ ба сар мебарад.
Саймурод Муродов падари Шералӣ ва Ҷаҳонгир Муродовҳо мебошад, ки дар куштори Саъдӣ ва Сорбон муҷрим шинохта шудаанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе санади пешниҳодкардаи ӯро дар бораи бемори руҳӣ будани писараш –Шералӣ тақаллубӣ хонда, 10 апрели соли ҷорӣ барои 2 сол равонаи зиндонаш карда буд.
Зарина Саидова, холаи Саъдӣ Сатторов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар бораи озод шудани Саймурод Муродов, ки ӯро ҳамчун Салим ҳам мешиносанд, аз ҳамсояҳояш хабар ёфтааст. “Ба наздикӣ аз ҳамсояи Муродовҳо фаҳмидем, ки Саймурод Муродов 10 рӯз аст, дар озодӣ мебошад. Аз рӯйи кадом қонун вай дар озодӣ гаштааст? Вайро додгоҳи шаҳри Душанбе ду сол равонаи зиндон карда буд, нав 4 моҳ дар маҳбас буд. Аз тамоми кормандони мақомоти қудратӣ хоҳиш мекунем, ин қазияро дида бароянд”,-мегӯяд Зарина.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Раҳмонов, масъули Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” раҳо шудани Муродовро тасдиқ ё рад накарда, гуфт, ин масъаларо наметавонад бо телефон шарҳ диҳад. Вай илова кард, ки танҳо дар сурати расман муроҷиат намудани наздикони Саъдӣ Сатторов маълумот пешниҳод мекунанд. Пайвандони Саймурод Муродов нахостанд дар ин бора суҳбат кунанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе 10 апрели соли ҷорӣ аъзои гурӯҳи даҳнафариро, ки дар қатли Сорбон Музаффарбеков ва Саъдӣ Сатторов муҷрим шинохта мешаванд, дар маҷмӯъ, ба 98 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси қарори додгоҳ, Шералӣ Муродов, ки дар ҳар ду куштор муттаҳам мешавад, ба муҳлати 30 соли зиндони низомаш сахт бо мусодираи амволаш аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳамзамон, падари ӯ - Саймурод Муродов ба хотири ироаи санади тақаллубии тиббӣ, ки гӯиё писараш бемори руҳист, барои 2 сол равонаи зиндон гардид.
Камолиддин Тошзода, Шарафҷони Абдулазиз, Сайфулло Кабутов ба муҳлати 18-солӣ бо мусодираи молу мулк ва нигоҳ доштан дар колонияи низомаш сахт аз озодӣ маҳрум шуда, Дилшод Наимов барои 5 сол, Ҷаҳонгир Муродов, бародари Шералӣ 5 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Аммо Насим Муҳиддинов, яке аз айбдоршавандаҳо аз толор озод шуда, Ҳусейн Ҳамроқуллов ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ ва духтур Домуллоҷонов, ки санади тақаллубиро ба хонаводаи Муродовҳо пешниҳод кардааст, 16 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, раҳо гардиданд.
Сорбон Музаффарбеков, муштзани тоҷик, 26 августи соли 2012 дар наздикии тарабхонаи “Бешаи палангон”-и шаҳри Душанбе бо зарби корд захмӣ шуда, баъдан дар бемористон ҷон додааст. Қатли Саъдӣ Сатторови 25-сола моҳи апрели соли 2013 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и пойтахт сурат гирифтааст. Дар пайи ин ҳодиса, волидони Саъдӣ Сатторов низ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карданд, то тафтишоти қазияро зери назорати худ бигирад. Волидони ин ҷавони марҳум аз он нигаронӣ карданд, ки гӯиё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои вазнин халос шудааст.Дар акс Зарина Саидова
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |