Ҳасани Руҳонӣ дар Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ба Душанбе меояд
Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон шоми фардо, 9 сентябр дар чорчуби як сафари расмии ду рӯза вориди Душанбе хоҳад шуд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи ин сафар президенти Эрон дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай иштирок намуда, ҳамчунин бо ҳамтои тоҷикаш - Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Гуфта мешавад дар ин мулоқот имзои чанд санади ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат, илм ва фарҳанг дар назар аст. Ҳамчунин, қарор аст, Ҳасани Руҳонӣ дар ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Эрон иштирок варзад.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти хосаи Ҳасани Руҳонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон чоршанбеи 10 сентябр дар Қасри миллат баргузор мешавад. "Пас аз мулоқот раҳбарони ду кишвар дар назди намояндаҳои ВАО изҳорот хоҳанд дод",-меафзояд сарчашмаи хабар. Ҳамчунин, мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар назар аст. Райиси ҷумҳури Эрон бо сарвазир ва спикери маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳам дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ин нахустин сафари расмии Ҳасани Руҳонӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |