Паёми Шӯрои ВАО ва даъват барои ҳамраъйии бештар

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо ирсоли паёми табрикӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон, тамоми доираҳои рӯзноманигории кишварро ба ҳамраъйии бештар даъват кардааст.
Дар табрикот аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар шароити кунунии ҷаҳонигароӣ, дар пасманзари таҳдидҳои зуҳуроту падидаҳои номатлуб ба ҷомеаҳои осебпазир, дар шароите, ки фазои иттилоотӣ торафт садднописанд шудан дорад, иҷрои вазифаҳои мусоидат ба суботи ҷомеа, ба рушду такомули давлатдорӣ ва пойдории фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳамзамон бо дифоъ ва истифода аз ҳуқуқи озодии баён ва матбуот, аз ҷомеаи журналистӣ ҳамраъйии бештари касбӣ тақозо менамояд”.
Дар ин паёми шодбошӣ, ки бо имзои Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО дастраси расонаҳо гардид, ҳамчунин гуфта мешавад, “мусаллам аст, ки ҳамраъйии воқеии касбӣ ба заминаи муҳимтарини он - пайравӣ аз усулҳои бунёдии журналистика, ба мисли ҳақиқатнигорӣ, воқеъбинӣ, адолатпешагӣ, таҳаммулпазирӣ, бояд асос ёбад. Ба ин маънӣ, падидаҳои ҳамраъйии журналистони тоҷик дар инъикосу баррасии бештари масоили доғи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ боиси сутуданист. Вале ҳамзамон зуҳуроти номатлуберо ҳам ба мисли чашмпӯшӣ аз воқеияти рӯз, ситоиши ноҷо, паст задани шаъну эътибори инсон, риоя накардани принсипи “эҳтимоли бегуноҳӣ”, дар матолиби матбуоти даврӣ, барномаҳои радиову телевизион ва сомонаҳои интернетӣ, набояд нодида гирифт, ки журналистон ва кормандони ВАО бархилофи принсипҳои касбӣ, ба хотири манфиатҳои маҳдуди идоравию ҳизбӣ, гурӯҳиву хусусӣ роҳ медиҳанд”.
Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон бо қарори Конгресси 4-уми Созмони байналмилалии журналистон аз 8 сентябри соли 1958 ба хотири гиромидошти хотираи публитсисти зиддифашисти чех - Юлиус Фучик таҷлил мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |