"Старт"-и аграриҳо барои мубориза дар интихоботи 2015

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) мегӯяд, раванди омодагии худ ба интихоботи парлумонии 2015-и кишварро пурзур карда, ҳадафи боло бурдани шумораи вакилони худро дорад.
Тавре аз дафтари ҲАТ ба “Озодагон” хабар доданд, ин ҳизб аллакай ба маъракаҳои таблиғотии худ дар шаҳру навоҳии кишвар оғоз карда, ҳоло Рустам Латифзода, иҷрокунандаи раиси ин ҳизб “барои фаъолсозии бахшҳо ва дидору мулоқот бо сокинон ба вилояти Хатлон сафар кардааст.
Ба иттилои манбаъ, инчунин Зайниддин Сафаров, яке аз фаъолони ҲАТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон ба хотири мулоқот бо фаъолони ҳизбӣ ба минтақаи Рашт рафтааст: “Мақсади асосии ин вохуриҳо омодагии комил ба интихоботи қарибулвуқуи ҳама сатҳҳои мақомоти намояндагӣ, мушаххас сохтани самтҳои фаъолият ва вазифаҳои аввалиндараҷаи вобаста ба ин маъракаи сиёсӣ мебошад.”
Ҳизби аграрии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 шумораи аъзоёни худро, аз маҷлисони ҷамоат то маҷлисҳои вакилони шаҳру навоҳӣ, вилоят ва парлумони мамлакат боло хоҳад бурд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |