Ифтитоҳи парванда нисбат ба як сокини Кӯлоб, ки дар Сурия меҷангад

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбат ба як сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар Сурия меҷангад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба иттилои торнамои ВУД, ин нафар Фарухҷон Боронови 31-сола мебошад. Манбаъ навиштааст, кормандони Шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Хатлон муайян кардаанд, ки Боронов “моҳи феврали соли ҷорӣ, ҳангоми дар Федератсияи Русия қарор доштанаш, бо мақсади дар роҳи Ислом ҷиҳод намудан ба Сурия рафта, ба ҳайати ташкилотҳои хусусияти террористӣ дошта дохил мешавад”.
“Айни замон Фаррухҷон Боронов ба муқобили низомиёни ҳукумати конститутсионии ҷумҳурии Сурия ҷангида, дар муҳорибаҳои ҳарбӣ иштирок карда истодааст”,- менависад торнамои ВУД.
Ифтитоҳи парванда алайҳи Боронов дар ҳолест, ки ахиран аз кушта шудани Бобоҷон Қурбонов,як сокини маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб, мулаққаб ба “Абӯ Абдураҳмон Тоҷикӣ” хабар расид. Сомонаҳои наздик ба созмони Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Шом навиштанд, ӯ “ҳангоми ғасби фурудгоҳи Табқа”-и минтақаи Раққаҳи Сурия ҳалок шудааст. Ба гуфтаи Даврон Қурбонов, бародари Бобоҷон, 26-уми август нафари ношиносе ба ӯ занг зада, барои дар Сурия “шаҳид” шудани бародараш табрик намуда, талаби "дуо" кардааст. Аз ин пештар расонаҳо дар мавриди марги Бахтиёр Шеров, сокини дигари шаҳри Кӯлоб навишта буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |