Отамбоев: "Аз хеши дур дида, ҳамсояи наздик беҳтар аст"
Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар суҳбат бо вазирони умури дохилии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ба масоили танишҳои охири минтақа дахл карда, ба ҳамсоядории мусолиматомез даъват кардааст.
Отамбоев гуфтааст, ҳамсоякишварҳо бояд ҳамеша ба ҳамдигар кумак карда, барои сулҳу суботи қаламрави якдигар талош варзанд:“Қирғизҳо як мақол доранд, аз хеши дур дида, ҳамсояи наздик беҳтар аст. Аз ин рӯ, бояд ҳамсоякишварҳо дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба сар баранд.”
Раиси ҷумҳури Қирғизистон нақши Шӯрои вазирони умури дохилии ИДМ-ро дар тақвияти ҳамсоядории мусолиматомез калидӣ хонда, аз вазирони корҳои дохилии ин кишварҳо хостааст, ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури дохилии ИДМ аз 4 то 5 сентябр дар шаҳри Чолпон-Атои Қирғизистон баргузор шуда, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ дар он иштирок дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |