Зафари Сӯфӣ
Оё эҳсосро чи рангеву чи бӯест? Оё ҳеч тавонистаед эҳсосро бибинед, ламс кунеду бишамед? Ва беш аз ин, эҳсоси шукуҳро дар рагу мӯйрагҳои худ таҷриба кардаед? Соле чанд муқаддам, вақте барои аввалин бор дар харобаҳои Тахти Ҷамшед зери бори сангини эҳсос вуҷудам меларзид ва дар баробари он шукӯҳу шаҳомат, он салобату бузургӣ, ки пас аз 2500 сол ҳамчунон ману мисли ман ҳазорон танро шефта ва ҳайратзада мекунад, моту мабҳут будам, гӯӣ фариштае ин мисраъҳои парешонро дар гӯшаи ёдам наҷво кард;
... Эҳсосро чи гуна метавон ифода кард?
Эҳсосро магар чи таъму рангу буст,
ҷуз таъми як шикаст,
дар арсаи набард
(дар арсаи набарди нур алайҳи тирашаб),
ҷуз таъми ашки шӯри як ғариб
дар сарзамини худ
аз ғурбати мудом....
Эҳсосро магар чи гуна таъму рангу бӯст
ҷуз ранги хуни шед
дар лаҳзаи ғуруб
дар зери панҷаҳои хунчакони золи шаб.
Эҳсосро магар чи гуна таъму рангу бӯст,
ҷуз бӯи яъсу ғам
ҷуз бӯи гарди дард...
Эҳсосро чи гуна метавон ифода кард,
Эҳсоси сангро,
Он лаҳза, ки ба рӯи ҷисми сахту сарди ӯ
Муъҷиза ханда кард...
Оё ҳайрат чи ранг дорад; сабз, сурх, сафед ё арғувонӣ? Оё ҳеч ба худ андешидаед, ки рангҳо ифодагари хеле мафҳумҳоест, ки сухан дар гуфтани он оҷиз аст ва ё ҳадди аққал ба он камоле, ки ранг ифода мекунад, он мафҳумро дар худ гунҷоиш дода наметавонад. Беш аз ин, оё ҳеч дар баробари шаҳомати рангҳо ва тавони зеҳну дастони ҳунарофари инсон ҳайратзада шудаву дар ҷустуҷӯи худу оғозгоҳи худ барои худ ҷуғрофиёи ишқро кашф кардаед? Аммо ин ҳақир борҳо чунин ҳолатро таҷриба кардаам. Ҳангоме, ки дар масири шинохти хеш ва ҳуввияти худ ба гузаштаҳо аз кӯчаву паскӯчаҳои хотироту ёдҳо сафар мекардам ва ҳар бор бо диле моломол аз ғусса ва чашмоне гирён ба даргоҳи Шоҳи Валӣ - Исмоили Сомонӣ дар Бухоро мерасидам, беихтиёр ба ҷуғрофиёи ишқ меандешидаму аз ҷуғрофиёи ишқ мегуфтам. Борҳо дар зери бурҷу бораҳои Бухорои шариф дар ҷустуҷӯи худ дарун - дарун гириставу ҳайратзада аз сарнавишти миллати худ аз ҷуғрофиёи ишқ гуфтаам.
Он рӯзҳои хотирмонтарини умри худ, ки шарафи ба дида молидани хоки поки Бухороро доштам, аз қудрати зебоиофарӣ ва тавони зеҳнии мардумам ифтихор кардаву ҳайратзада аз ҷуғрофиёи ишқ гуфтаам. Ҳар гоҳ аз ҳавои шукуҳолуд ва осмонии Регистон дар Самарқанд нафас кашидаам ва ҳар шомгоҳ ғуруби беназирро аз ин майдони азиз ба тамошо менишастам, дар хаёли худ панҷаи эътироз ба гиребони торих мезадам. Бо ин вуҷуд ҳамеша аз ҷуғрофиёи ишқ мегуфтам ва ҳоло низ аз ҷуғрофиёи ишқ мегӯям.
Ман аз ҷуғрофиёи ишқ мегӯям,
Зи он ҷуғрофиё, ки дар ҳудуди он
Саҳаргоҳон
Ба он майдони пур аз нури яздонии Регистон
Канори он кабутарҳои бурҷу бораи зебои торихӣ
Басо мастона қум-қум карда метонам.
Ман аз ҷуғрофиёи ишқ мегӯям
Даме, ки дар Бухоро
Дар канори ҳавзи Девонбегӣ ё дар ҳуҷрае аз ҳуҷраҳои сокити Мири араб бошам,
Ва ё дар боргоҳи Шоҳи Валӣ аз ҷаври торих дар аҷаб бошам,
Ки тоҷикро
Чаро ин гуна аз ободиву аз шаҳрҳояш ҷудо карданд?...
Ба ростӣ, тоҷик ҳеч гоҳ аз ҷуғрофиёи нафрат ва адоват нагуфта. Ба ҳеч ваҷҳ ин нишон аз заъф набудаву нест. Тоҷик ҳаммаъно бо муҳаббат ва бунёдкорист. Агар ҷаври торих буд, агар сарнавишти номард буд, агар бозиҳои душманон буд, агар содагии дӯстон буд, хуллас ҳар иллате буду азаш сохтаҳояшро рабуданд, тоҷик боз сохт ва хоҳад сохт.
Аз дирӯз ба худам каланҷор меравам ва дар гирдоби фикрҳои парешон гирифторам. Ҳамеша чунин буда, ки дар баробари шукуҳу шаҳомат ва кори бузурги ҳаммиллатонам барои ифодаи эҳсосу бардоштҳоям сухани муносиб намеёбам. Дар сояи сутунҳо ва деворҳои нимавайрони Тахти Ҷамшед, дар сояи девору бурҷҳои мадрасаву қасрҳои Бухорову Самарқанд ҳамеша дар баёни эҳсоси худ нотавон будаам. Инак, аз дирӯз то ҳол аз панҷаи чунин ҳолат наметавонам берун омад. Вақте порае аз шукуҳи Тахти Ҷамшед, гӯшае аз қасрҳои бобоии тоҷик дар Бухорову Самарқандро ин ҷо, дар Кохи Наврӯз дидам, он қадр ҳаяҷон ва шигифт саропоямро лабрез кард, ки дигар тавони баёнро аз ман гирифт. Ба роҳбалад, ки эҳтимолан гарони бори эҳсос бар вуҷудамро дарк кардаву пешниҳоди нишастан дод, гӯё аз дуриҳои дур гуфтам: Бародар, дар баробари ин зебоиву ин шукуҳ нишастан дар оини мо нест, бояд ин ҷо ҳамеша сари по истод...
Ҳама имрӯзҳо шоҳидем, ки тайи чанд соли ахир чеҳраи шаҳрҳои кишвари азизамон рӯз аз рӯз тағйир мекунад. Биноҳои бошаҳомат ва зебо, хиёбонҳову гулгаштҳо... Дар ин миён сабзшаҳри ишқу ҷавониҳои мо, пойтахти зебои кишвар - Душанбе бештар обод мешавад. Ҳоло ин ҷо овардани феҳрасти он ҳама бино ва умуман фаъолият дар самти ободии пойтахтро зарур намебинам ва бар тибқи ҳикмати аёнро чи ҳоҷат ба баён амал мекунам. Вале дар мавриди Кохи Наврӯз, ки воқеъан биное сахт шоирона ва бо шукуҳу шаҳомати бемисл сохта шуда, ба такрор зикр мекунам, ки тамошояш барои муддатҳо бинандаро мафтун ва ҳайратзада мегардонад. Ин биноро фақат бояд дид ва аз ҳунари дастони ҳаммиллатон лаззат бояд бурд. Он шукуҳу зебоӣ ва лаззат аз тамошои онро бо сухан тасвир наметавон кард. Ба ин умед, ки ҳар як аз хонандагони ин сатрҳо худ ба тамошои ин бинои воқеан зебо ва ёдгоре мондагор барои наслҳову асрҳо мушарраф мегарданд, ба таври умумӣ мегӯям, ки толорои гаҷкорӣ, мармару мунаббаткорӣ, толори чӯбӣ, ки кандакорӣ шуда, толорҳои оинабандӣ, сақфҳои наққошишуда, ки гулистоне шукуфтаро мемонад ва дил мехоҳад панҷаи меҳр ба рӯи ин гулҳо кашад, хуллас ҳар гӯшаи ин бино аз дигаре зеботару бошукуҳтар аст.
Огоҳона номи толорҳоро ҳам зикр намекунам. Намехоҳам бардошти ноқиси худро ба шумо таҳмил кунам. Охир зебоиро, шаҳомату шукуҳ ва офаридаҳоеро, ки мояи ифтихору ғурур мешавад, боястӣ ҳар инсон бо чашмони худ бибинад ва дарк кунад. Ҳоло бо ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки дар бунёди чунин кохе ёдгор барои наслҳову асрҳо заҳмат кашидаанд ва бо сипос аз дӯстоне, ки барои тамошои ин камина аз ин бинои воқеан диданӣ замина фароҳам оварданд, гузориши тасвириро манзуратон мегардонем, то худ гувоҳ бошед, ки ҷӯши чашмаи эҳсоси ману ҳарфҳои ифтихоромезамро чи зебоӣ ва шукуҳ боис будааст.