Яке аз дарозтарин хиёбонҳои Тоҷикистон чароғон шуд
Дар шоҳроҳи Бобоҷон Ғафуров-Хуҷанд 211 адад сутунҳои барқӣ бо 422 адад фурўзонакҳои 200 ваттаи каммасрафи диодӣ ва лампаҳои ороишӣ насб гардиданд, ки тибқи ҳисоби мутхассисон дар як сол 246 ҳазор кВт/соат нерӯи барқро харҷ мекунанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, дарозии шоҳроҳи «Бобоҷон Ғафуров-Хуҷанд» 6 ҳазору 450 метр буда, бо ҳамроҳии кўчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ба 14 ҳазору 950 метр мерасад, ки яке аз хиёбонҳои дарозтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
«Ин шоҳроҳ шаҳру навоҳии Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафуровро, ки дар онҳо 589 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, пайваст менамояд»,- афзуд манбаъ.
Манбаъ афзуд, ки дар шоҳроҳ 6 бозори калон, 7 адад маркази савдои бузург, 8 нуқтаи таъминот бо сўзишворӣ, силсилаи коргоҳҳою муассисаҳо ҷойгир шуда, дар онҳо беш аз 10 ҳазор соҳибкору кормандон фаъолият доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |