Бахшҳо

Раиси барканоршудаи демократҳо: Дар интихобот иштирок мекунам

Масъуд Собиров, раиси барканоршудаи Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, тариқи худпешбарӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ширкат мекунад.

Собиров ин нуқтаро дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошта таъкид намуд, ки дар интихобот аз номи Ҳизби демократ ширкат намекунад ва нияти бозгаштан ба раёсати ҳизбро надорад: “Боварӣ дорам, ки як табаддулоте боз дар дохили ҳизб мешавад ва бовар надорам, ки ин ҳизб то охир дар ин шакл фаъолият кунад”.

Ӯ дар шарҳи тасмимаш дар бораи барнагаштан ба раёсати ҲДТ афзуд, “як нафар 5-6 сол раҳбарӣ мекунад, бигзор раҳбари нав масъулиятро ба душ гирад”. Собиров таъкид кард, бо вуҷуди барканорияш варақаи ҳизбӣ ва шаҳодатномаю ойинномаи ҳизбро дар даст дорад: “Ҳуҷҷате, ки ба раёсати нави ҳизб додаанд, комилан ғайриқонунӣ мебошад, зеро нусхаи аслии шаҳодатномаи ҳизб дар дасти ман аст”.

Наздики ду сол қабл дар пайи як анҷумани ғайринавбатӣ, ки мубтакири баргузориаш Саидҷаъфар Исмонов, раиси имрӯзии Ҳизби демократи Тоҷикистон буд, Масъуд Собиров аз вазифаи раҳбарии ҳизб барканор гардид. Ҷаноби Собиров барканориаш аз раёсати ҳизби демократро ғайриқонунӣ унвон кард.
Мӯҳр
Точик
“Ҳуҷҷате, ки ба раёсати нави ҳизб додаанд, комилан ғайриқонунӣ мебошад, зеро нусхаи аслии шаҳодатномаи ҳизб дар дасти ман аст”. ...
Гитрифтанта аз раисиву хуччатхоя насупоридастиа??? Ин бешарафист ба фикрам

Холид
Хеч гап не бародар гирифтани шумо хам аз Искандаров айни чиз буд !!!!

Якранг
Ба Точик! Агар хамун хуччатхои хдты(худату) Собиров мегуфтагира ягон маротиба масъулин (Вазорати адлия) мепурсиданд ва ба поймол шудани конун аз тарафи адлия сарфахм мерафтанд, ки чи тавр хуччатхо дар дасти Собирову вазорат талаботи конунгузориро риоя накарда, яъне хуччатхои каблиро бекор насохта (ба Конуни ЧТ Дар бораи бакайдгирии шахсони хукуки нигаред) хуччати дигарро ба шахси дигар доданд, дар он сурат бешарафи мешуд, дар акси хол бешарафи аз тарафи шахсе зохир мешавад, ки ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)