Нафақахӯри 78-сола дар дастдарозӣ ба ноболиғ муттаҳам мешавад
Мақомоти пулиси Истаравшан ба иттиҳоми дастдарозӣ ба ноболиғ як сокини 78-солаи ин шаҳрро боздошт намудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ боздоштшуда, соли таваллудаш 1936 дар он айбдор мешавад, ки моҳи июни соли равон дар ҳудуди бозори марказии Истаравшан, дар дохили як анбор ба ноболиғи 15-сола дастдарозӣ кардааст.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин дуюмин хабари таҷовуз ба номуси ноболиғ аст, ки пулиси Истаравшан дар як ҳафтаи ахир нашр кардааст. Қаблан ба ин иттиҳом ду ҷавони 22 сола боздошт шуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |