А.Ғойиб дар бораи ихтилофи мафкуравию мазҳабӣ, бархӯрди манфиатҳо ва андешаҳои бегонапарастиву ифротгароӣ
Абдуфаттоҳи Ғойб, раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар арафаи 23-юмин солгарди Истиқлолият аз тобеин ва сокинони кишвар хостааст, дар мубориза бо фасод масъулиятшинос бошанд.
Абдуфаттоҳи Ғойиб дар матлабаш, ки аз ҷониби дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо фасод нашр шудааст, ба зиракии сиёсӣ даъват намуда, афзудааст, дар шароити имрӯза инсоният гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ гаштааст: “Нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву таҳрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо нуфуз пайдо кунанд ва ҳамеша барои ҳифзу пойдории манфиатҳои олии миллат ва давлат ҳушёру омода бошем”.
Ӯ мубориза бо коррупсияро яке аз омилҳои таъмини амнияту субботи кишвар хондааст, чун ба ақидааш, “коррупсия ҳамчун як зуҳуроти номатлуб оромӣ, субботи ҷомеа, ҳисси боварии мардумро ба оянда, ба мақомоти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ коста мегардонад.”
Бо зикри ин Абдуфаттоҳи Ғойиб таъкид кардааст, ки ҳар як корманд бояд дар таъмини амният, ошкор ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ бо дасту дили пок фаъолият намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |