Шикояти Кобзон аз Ислом Каримов дар бораи Гулнора, Имон ва толору ҶБВ

Иосиф Кабзон, сарояндаи маъруф ва вакили парлумони Русия гуфтааст, дигар ҳеч гоҳ аз Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон чизе дархост нахоҳад кард.
Ӯ дар суҳбат бо торнамои “Uznews.net” гуфтааст, муроҷиати охираш ба Каримов дар мавриди раҳойии Гулнора Каримова, духтари калон ва Имон, набераи раиси ҷумҳури Узбакистон аз ҳабси хонагӣ ҳамоно беҷавоб мондааст. Ин сарояндаи машҳури даврони Шӯравӣ дар як мусоҳиба тавассути телевизиони “РенТВ”-и Русия ба Ислов Каримов муроҷиат карда, хост, то президенти Узбакистон духтару набераашро аз ҳабси хонагӣ озод кунад. Кабзон ба торнамо гуфтааст, дигар ҳеч гоҳ ба Каримов муроҷиат нахоҳад кард, чун фоида надорад. “Ман ҳамчун инсон хостам кумак намоям. Ман ҳам набераву духтар дорам ва фикр кардам, Каримов моро дарк мекунаду барои табобат гирифтани духтару наберааш иҷоза медиҳад”,-илова кардааст ӯ.
Кобзон ичунин афзуда, набераи раиси ҷумҳури Узбакистон - Имон, ки ҳамроҳ бо модараш дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, аз бемории дил азият мекашад ва ба табобати фаврӣ ниёз дорад.
Иосиф Кабзон гуфта, ҳоло дар Узбакистон барои худи ӯ низ як қатор маҳдудиятҳо эҷод шуда, мақомоти Тошканд аз додани толор барои баргузории консертҳояш худдорӣ мекунанд. “Барои ман сароидан дар Узбакистон манъ шудааст, яъне барои баргузории консерт толор намедиҳанд. Соли 1997 низ ин ҳолат вуҷуд дошт, вале мо дигар ба Каримов муроҷиат намекунем, чун вақте ҷавоб ҳамеша манфӣ аст, чӣ лозим дигар дархосту муроҷиат?”
Ин маҳдудиятҳо барои сарояндаи рус дар Узбакистон дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, ин кишвар дар ҳаёташ нақши муҳиме дорад. Кобзон аз соли 1944 ёд оварда гуфтааст, маҳз Узбакистон сабаби зинда мондани сарояндаи рус ва наздиконаш дар Ҷанги бузурги ватанӣ шудааст. Иосиф Кабзон он вақт дар шаҳри Янгиюли Узбакистон ҳамроҳ бо хонаводаааш зиндагӣ кардааст. Ин ноумедӣ ва нигаронии Кобзон аз бетаваҷҷуҳии раиси ҷумҳури Узбакистон дар ҳолест, ки Каримов дар шарҳи ин хомӯшии худ ба дарсхоти ӯ гуфта буд, дигар намехоҳад нишонае аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварашро бинад ва ин сарояндаи рус рамзи он даврон аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |