Эмомалӣ Раҳмон: Барои ду сол ғизо захира кунед! (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми сентябр дар Душанбе хостори арзоншавии нархҳо, болоравии фарҳанги муоширати савдогарон, бартарафсозии монополия ва сохтмони бештари фурӯшгоҳҳои муосир шудааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи маҷмааи савдои «Пойтахт - 90» дар Душанбе суҳбат мекард, бо зикри афзоиши аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт дастур дод, ки барои таъминот бо маҳсулоти арзон бо деҳқонони навоҳии атрофи пойтахт ва вилояти Суғду Хатлон созишномаҳои мустақим банданд. Раисиҷумҳур хостааст, болоравии беасоси нарх, рақобати носолим ва бартарафсозии омилҳои инҳисорӣ, яъне монополия ба баъзе намудҳои маҳсулот бартараф карда шаванд ва ҳукумати Душанбе ин масъаларо зери назорат гирад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаст, ки феълан дар Душанбе 36 ҳазор соҳибкор фаъолият доранд ва афзудааст, хизматрасонӣ дар самти савдову хизматрасонӣ бо риояи меъёрҳои муосир ва фарҳанги миллӣ ба роҳ монда шавад: “Беҳуда нагуфтаанд, ки бозор баёнгари сатҳи зиндагӣ ва нишонаи маданияти хизматрасонӣ мебошад.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри номуътадилӣ дар бозори озуқаи ҷаҳонӣ бори дигар аз сокинон хоҳиш намудааст, ки барои ду сол ғизо захира намоянд ва бо ёдоварӣ аз гузашта таъкид намудааст, ки ин иқдом дуруст будани худро собит намудааст.
Маҷмааи савдои “Пойтахт-90”, ки имрӯз кушода шуд, беш аз 900 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда, дар масоҳати 33 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Ин маҷмаа дорои нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла 82 мағоза, тарабхона, ошхонаву қаҳвахона, толори маҷлисгоҳ, сардхонаву бағочхона, инчунин озмоишгоҳ ва истгоҳи воситаҳои нақлиёт мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |