Amnesty International хостори бекор намудани иттиҳомот алайҳи Содиқов шуд
Созмони Авфи байналмилал ё Amnesty International хостори бекор кардани иттиҳомот алайҳи Александр Содиқов шудааст.
Дар иттилоияе, ки ин созмон 4 сентябр нашр кард, гуфта мешавад, 22 август Amnesty International маълум намуд, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Содиқов идома дорад. “Иттиҳом нисбат ба ӯ бекор нашуда ва ҳанӯз ин донишмандро то 20 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Ӯ дар пайи пажуҳишҳои илмӣ ва барои истифодаи ҳуқуқҳояш барои озодии баён ҳадафи мақомоти тафтишотӣ қарор гирифт”,-гуфта мешавад дар иттилоия.
Ахиран худи Александр Содиқов низ гуфт, тафтишоти парванда алайҳи ӯ ҳанӯз ба охир нарасида ва рӯшан нест кай анҷом меёбад. Ба гуфтаи вай бо далели тафтишот иҷозаи берун рафтан аз кишварро надорад, дар ҳоле, ки дарсҳояш дар донишгоҳи Торонто аз 8 сентябр оғоз мешаванд.
Александр Содиқов баъд аз зуҳри 16 июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст. Аммо худи Содиқов мегӯяд, бо фармоиши Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба пажуҳиши масъалаи идораи низоъҳо дар Хоруғ машғул буд. То кунун даҳҳо Иттиҳодияи илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо пахши изҳорот аз Содиқов ҳамчун пажуҳишгар ҳимоят карда, хостори раҳоии ӯ шуда буданд. Александр дар рӯзҳои аввали дастгир шуданаш дар боздоштгоҳе дар Хоруғ буд ва сипас ӯро ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе интиқол доданд ва рӯзи 22 июл ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат озод гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |