Қасди худкушии Павленксий алайҳи иқдоми Путин дар Украина
Петр Павленский, рассоми ҷавони рус, 3-юми сентябр ба нишони эътироз ба иқдоми Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия алайҳи Украина дар майдони Сурхи Маскав қасди худкушӣ кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия Павленский дар майдони Сурхи Маскав бо афроде, ки дар навбат барои дидани оромгоҳи Ленин меистоданд, дар бораи амалкарди Путин алайҳи Украина баҳс карда, онҳоро ба маҳкум сохтани иқдоми раисиҷумҳури Русия даъват мекардааст. Баъд аз он, ки гирдаш одамони зиёд ҷамъ омадаанд, ӯ худро аз туда канор гирифта, танобро дар гарданаш монда қасди худовезӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ Павленский баъди муоинаи табибон, феълан дар боздоштгоҳи пулис қарор дорад. Ин рассоми 30-сола бори аввал нест, ки даст ба чунин амал мезанад. Ӯ 23-юми июли соли 2012 низ барои ҳимоят аз гурӯҳи «Pussy Riot» даҳонашро бо ришта дӯхта тӯли 1,5 соат дар назди калисои Қазон истода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |