Шикоят аз дахолати масъулин дар интихоби ихтисосҳои Маркази миллии тестӣ

Фарухшо, як сокини Душанбе аз дахолати масъулини шӯъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ дар интихоби ихтисосҳои довталабони ин ноҳия шикоят мекунад.
Номбурда бо ирсоли нусхаи варақаи бақайдгирии бародарзодааш менависад, ӯ дар қисмати “Интихоби касб” аз рӯйи шумораи тартибӣ ихтисосҳоро худаш интихоб кардааст, “вале дар паҳлӯи сутуни мазкур корманди Маркази миллии тестӣ ё масъули шӯъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ ба хости худаш интихоби касбҳоро аз нав раддабандӣ намудааст, ки хилофи интихоби довталаб мебошад”. Ба гуфтаи Фарухшо, ҳамчунин чанд довталаб изҳор доштаанд, “масъули ММТ ё корманди маорифи ноҳияи Айнӣ ҳангоми пур кардани варақаҳои интихоби касб довталабонро маҷбур кардааст, дар қатори интихоби ихтисосҳои ройгон, довталабон ҳатман 4-5 ихтисоси пулакиро низ ишора кунанд, вагарна компютер варақаҳояшонро қабул намекунад”.
Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази милии тестӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “ҳеч нафар ҳуқуқи дахолат ба раванди интихоб ва бақайдгирии довталабонро надорад”. Номбурда бо зикри ин нукта, ки Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи Айнӣ ягон намоянда надорад, афзуд, “дар тамоми маводи иттилоотие, ки аз ҷониби Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон таҳия ва пахш шудааст, инчунин мутобиқ ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии марказ, муайян кардани тартиби интихоби ихтисос бо назардошти шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона), намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ), забони таҳсил (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ва муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (МТОК) ҳуқуқи бевоситаи довталаб аст. Аз ин лиҳоз, дар вақти бақайдгирӣ довталаб ихтисосҳои барояш писандрову тартиби авлавияти онҳоро низ худаш интихоб мекунад”.
Ситорабону Назарова мегӯяд, қабл аз сабт шудани маълумоти ниҳоии воридгардида, довталабон бо шакли чопии варақаи бақайдгирӣ шинос шуда, танҳо дар сурати розӣ будан, ба он имзо мегузоранд. “Танҳо пас аз имзо гузоштан маълумоти воридгардида сабт мешавад. Дар баробари ин, Маркази миллии тестӣ ба довталабоне, ки аз интихобашон розӣ набуданд, имкон дод, то дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 16 то 30 апрел) тартиби интихоб, кластер, ихтисос, шакл, намуд, забони таҳсил ва маълумоти шахсии худро тағйир диҳанд. Вобаста ба ҳамин талабот ва тартиботе, ки аз ҷониби марказ пешбинӣ шудааст, ҳар довталаб дар варақаи бақайдгирӣ имзои худро бо мазмуни розӣ будан аз авлавият ва тартиби интихобаш гузошта буд”.


Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |