АКС: Баҳрабардорӣ аз маркази савдои “Пойтахт-90” бо иштироки раиси ҷумҳур

Субҳи ҷумъаи 5 сентябр маркази савдои “Пойтахт-90” расман мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Интизор меравад, дар маросими ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон иштирок намояд.
Маркази савдои “Пойтахт-90”, дар кӯчаи Меҳнати пойтахт воқеъ буда, бо 194 миллион сомонӣ (муодили тақрибан 40 миллион доллар) аз буҷаи шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Абдуманнон Ҳабибов, сардухтури беҳдоштии шаҳри Душанбе мегӯяд, тайи се рӯзи ахир корҳои беҳдоштӣ дар маркази тиҷорӣ идома дорад. “Имрӯз як бори дигар бино, гирду атрофи он ва маҳсулотро пурра аз назар мегузаронем. Фардо, ба истифода дода мешавад”,-афзуд ӯ.
Муҳаммадӣ Саъдуллоев, як масъули Раёсати сохтмони асосии Душанбе, қаблан дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ин маркази нави савдо дар масоҳати 16 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир буда, баробари ба кор шурӯъ кардан беш аз 900 нафарро бо ҷои кор таъмин хоҳад кард. Бинои асосии иншоот аз се ошёна иборат буда, инчунин, дар назди он як бинои якошёнаи дигари тобистона сохта мешавад, ки барои маҳсулоти тару тозаи тобистона нигаронда шудааст. Хабарнигори “Озодагон” имрӯз, 4 сентябр аз маркази савдои мазкур дидан кард ва чанд акс ҳам бо худ овард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |