Таркиши зарфи ҳомили бензин дар дасти муҳоҷири тоҷик
Як муҳоҷири 35 солаи тоҷик бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи рақами 33-и шаҳри Санкт Петербург бистарӣ шудааст.
Тибқи иттилоияи мақомоти рус ин шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳаллаи Левашова зимни буридани таги зарфи бензинӣ ҷароҳат бардоштааст: “Ӯ талош намудааст, бо дастгоҳи барқӣ таги зарфи бензиниро бурад, ки аз шарора газҳои бензинӣ оташ гирифта, зарф таркидааст.”
Ба иттилои манбаъ ин муҳоҷири тоҷик дар қисмати рӯйу мағзи сар ҷароҳат бардошта, бинӣ ва чанд устухонаш шикастаанд. Мақомоти рус мегӯянд феълан ба далели ҷароҳати вазнин ҷабрдида, суҳбат карда наметавонад ва ҷузъиёти дигари ҳодиса баъди бозпурсии ӯ нашр хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |