Бахшҳо
04 сен 2014 14:13Тоҷикистон / Сиёсат

Раиси бахши ҲНИТ дар Шӯрообод 12 000 сомонӣ ҷарима шудааст

Мадисо Ҷомиев, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Шӯрообод 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Ҷаноби Ҷомиев рӯзи 4 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, нозироти андози ноҳия ӯро дар истифодаи манзилаш ҳамчун дафтари ҳизб айбдор мекунад. "Дар ҳақиқиат ҳизб дар ноҳияи Шӯрообод ҳоло қароргоҳи корӣ надорад, вале ман ҳеч гоҳ хонаамро ҳамчун дафтар истифода накардам”,-афзуд номбурда. Ба гуфтаи ӯ, масъулини нозироти андози ноҳияи Шӯробод гуфтаанд, бояд қабл аз истифода кардани манзили зисташ ҳамчун дафтари корӣ бояд аз қайд гузашта, санад тартиб медод.

Ҷаримабандии Ҷомиев дар ҳолест, ки ахиран Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфта буд, мақомоти маҳаллӣ дар бархе навоҳии кишвар ба баргузории ҷаласаҳои ҳизб халал расонда, масъулини бахшҳои онро баҳудаву беҳуда мавриди бозҷӯӣ қарор медиҳанд. Раҳматуллоҳи Раҷаб - раиси шӯъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ мегӯяд, мақомот қабл аз шурӯи ҷаласаи онҳо дар минтақаи Рашт раиси бахши ин ҳизб дар Ҷиргатол - Қурбоналӣ Саидмуродовро ба шӯъбаи амният даъват кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, раиси бахши ҲНИТ дар Ҷиргатол замоне ба шӯъбаи амнияти ноҳия даъват шудааст, ки баргузории ҷаласа бидуни он имкон надоштааст. “Маъмурини амният ин даъвати ногаҳонӣ худро ба даъвои раиси "Тоҷикматлубот"-и Ҷиргатол рабт додаанд.

Дафтари ҲНИТ дар ин минтақа дар бинои Тоҷикматлубот қарор дораду раиси он хостори бекор кардани шартномаи худ бо мо дар бораи иҷораи дафтар шудааст”,-мегӯяд ӯ. Масълини шӯбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ, ки ҳоло дар доираи як сафари корӣ дар минтақаи Рашт қарор доранд, мегӯянд, онҳо ҳатто дар роҳ низ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бозҷӯӣ мешаванд.
Мӯҳр
Зачем эта хизб- НАХЗЕТ? Кому она нужна? Кому чего доёт?

тоже беспартиний
Безпартийни, А ты кому нужен? что ты даешь и кому? Если он есть, значит кому то нужен

Рустам
Хамин хизб лозим мебуд, ин кадар фишораш намеоварданд. Як маслихат: хамин хизбро баста беташвиш гарданд. Равед ба ХХДТ аъзо шавед. Тамоми ормонхоятон бароварда мешавад. Хамон намозу рузаву хача касе манъ накардааст. Бе ХНИТ хам шудан мегирад.

Точик
Пота чени курпат дароз намекни!

Тоже безпорти(!)ний. "Усли он (она) ест... значит кому то нужен (нужна)". Сначало научись писать, пором диктуй.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)