Мулоқоти Раҳмон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баъди нашри пажуҳиши Роғун

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми август бо Сароҷ Кумар Ҷҳа, мудири Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ ва намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер мулоқот намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот доир ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи нави ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018, ки ҷудо намудани 255 миллион доллари амрикоиро, асосан дар шакли грант дар назар дорад, гуфтугӯй сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ феълан бо иштироки Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 14 лоиҳа ба маблағи умумии 232 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор доранд.
Масъулини Бонки Ҷаҳонӣ дастгирии бахши хусусӣ тавассути беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини дастрасии мардум ба хизматрасониҳои иҷтимоиро аз афзалиятҳои кори худ дар Тоҷикистон хондаанд.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки чанд рӯзи қабл Бонки Ҷаҳонӣ хулосаи ниҳоияшро дар мавриди лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун нашр карда, изҳор дошт, ки дар сурати риояи тамоми меъёрҳо ин лоиҳа ягон пайомади назарраси манфӣ барои кишварҳои минтақа надорад. Онҳо лоиҳаи Роғунро ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ-техникӣ ва ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ-экологӣ мусбат баҳогузорӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |