Нашри видеои "порагирӣ"-и муовини директор ва шикоят ба раиси шаҳр

Нашри навори “порагирӣ”-и як муовини директори мактаби миёна дар интернет ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуд.
Ин видеоро як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузошта ва дар шарҳаш навиштааст, “муовини директори мактаби №78 барои қабули ҳуҷҷатҳои ду кӯдак 450 сомонӣ пора мегирад”. Лола Абдуллоева як корбари фаъоли Фейсбук ба “Озодагон” гуфт, ӯ ва чанд волидони дигар, ки фарзандонашон бояд ба синфи якум бираванд, бар ивази қабули санадҳо 150 сомонӣ пардохт кардаву “квитансия” гирифтаанд. Вай мегӯяд, видеоеро, ки дар Фейсбук нашр шуд, модари як кӯдаки дигар гирифтааст. Хонуми Абдуллоева афзуд, баъди нашри навор директори мактаби №78-и ноҳияи Фирдавсӣ ба падару модароне, ки маблағ додаанд, телефонӣ тамос гирифта, гуфтааст, зуҳри имрӯз ба мактаб биёянд ва пулҳояшонро бозпас бигиранд.
“Бори аввал нест, ки дар ин мактаб аз волидон пул мегиранд. Дар охири соли хониш ҳам барои таъмири мактаб пул гирифта, аммо “квитансия” надоданд”,-гуфт вай ва илова кард, “як гуруҳ аз падару модарон тасмим гирифтаем, дар робита ба ҳолатҳои пулситонӣ ба раиси шаҳри Душанбе шикоят бубарем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |