Маҳкумияти тоҷири маъруфи чинӣ барои таҷовузи кӯдаки тоҷик

Додгоҳи таҷдиди назари Тоҷикистон Абдулажан Абдулайти, як тоҷири маъруфи чиниро барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи тоҷик ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон намудааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Савсан Розиқова, вакили мудофеи ин духтари ноболиғ хабар дода, афзуд, додгоҳи марҳилаи аввал Абдулажан Абдулайтиро ба 18 соли зиндон маҳкум карда буд: “Гарчанде додситонӣ барои ин тоҷири чинӣ 11 сол талаб намуд, додгоҳи марҳилаи аввал бо назардошти ноболиғ будани ҷабрдидаи таҷовуз Абдулайтиро ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Аммо дар пайи шикояти касатсионии Абдулайтӣ додгоҳи таҷдиди назар ин муҳлатро 8 сол кам намуд.”
Ба иттилои манбаъ қазия таҷовуз ҳанӯз аз соли 2011-ум ҳангоми 11-сола будани духтар дар Душанбе, дар мувофиқа бо модари ӯ оғоз шудааст. Модари ин духтар ба ивази қарзаш аз тоҷири чинӣ розӣ шудааст, фарзандаш мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор бигирад ва ӯро маҷбур ба исқоти ҳамл кардааст. Қазия танҳо баъди огоҳ шудани тағои ҷабрдида аз ин ҳол оммавӣ шудааст.
Розиқова мегӯяд, модари ҷабрдида фирор кардааст ва айни ҳол мавриди пайгард қарор дорад. Абдулажан Абдулайтӣ аз муссисони бозори “Сомон”, яке аз калонтарин бозорҳои шимоли Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки феълан барои соҳибии он миёни шаҳрвандони Тоҷикистон кашокаш авҷ гирифтааст. Ахиран намоянда Абдулажан Абдулайтӣ-Абдукелиму Шадике ба далели нақзи қоидаҳои будубош аз Тоҷикистон хориҷ шуд, ки боиси авҷи кашмакаш барои курсии раиси бозори “Сомон“ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |