Шикоят аз нақлиёт: “Маошам харҷи роҳро намепӯшонад” (АКС)

Мушкили мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе бо оғози соли нави таҳсил печидатар шудааст.
Ҳамарӯза субҳ ва наздики шом дар кӯчаҳо одамони зиёдеро дидан мумкин аст, ки интизори нақлиёти ҷамъиятӣ ва мусофиркашҳоянд. Талабшоҳ Норов, донишҷӯи тоҷик мегӯяд, бо далели кам будани нақлиёт сари вақт наметавонад дар дарсҳо иштирок намояд. “Ҳар рӯз қариб аҳвол ҳамин аст”,-илова мекунад ӯ. Ба гуфтаи Шоҳҷаҳон Диёров, сокинони шаҳри Душанбе, вай бо мусофиркаши хатсайри 8 ҳар субҳ ба кор меравад: “дар ин хатсайр одам зиёд аст, мусофиркашҳое ки ҳастанд, наметавонанд мусофиронро сари вақт ба ҷои зарурӣ бирасонанд”.
Бархе мусофирон мегӯянд, маҷбуранд аз хизматрасонии таксӣ истифода намоянд, ки хисороти ҷиддие ба вазъи молияшон мезанад. Марде, ки тақрибан 60 сол дошт, шикоят намуд, ки “ноилоҷ бо таксӣ ҷои кор меравам. Маошам харҷи роҳро ҳам намепӯшонад”. Бархе аз мусофирон мегӯянд, ронандаҳое ҳастанд, ки аз вазъият истифода намуда, арзиши роҳкироро баланд мебардоранд. Малоҳат, як сокини пойтахт мегӯяд, баъзан ба ҷои як ду сомонӣ ва ба ҷои 2, чор-панҷ сомонӣ мегиранд: “намедонам ин ҳолат то кай идома мекунад?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |