АКС: Қувваозмоии Раҳмон бо Турсунова дар қасри нави теннис
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бегоҳи 3-юми сентябр, зимни ифтитоҳи майдони теннис дар шаҳри Душанбе бо Анастасия Турсунова, ғолиби мусобиқаи Ҷоми Президент миёни духтарони то 16 сола, бозӣ кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин бозӣ баъди он сурат гирифт, ки дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми президент миёни духтарони то 13-сола Наргиза Яҳёева ва миёни духтарони то 16-сола Анастасия Турсунова ғолибиятро ба даст овардаанд.
Ба иттилои манбаъ Эмомали Раҳмон бори дигар дӯстдори воқеӣ ва тарғибгари фаъоли варзиш будани худро миёни мардум собит намуда, ба масъулон супориш додааст, аз рӯи навъи теннис миёни шаҳру навоҳии кишвар мусобиқаҳо доир намоянд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки майдони навитеннис дар Душанбе аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон бо харҷи беш аз 13 миллион сомонӣ мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст, ки се корти теннис ва 2600 ҷойи нишастро дар бар мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |