Аслов нусхаи эътимодномаи сафири қирғизро қабул кард

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи Мирослав Ниёзов, сафири тозатаъини Қирғизистон дар Душанберо қабул намуд.
Ин ниҳод мегӯяд, маросими қабули нусхаи эътимодномаи Мирослав Ниязов рӯзи 2-юми сентябр сурат гирифта, Аслов аз таъини дубораи Мирослав Ниёзов ба ҳайси сарвари намояндагии Қирғизистон истиқбол намудааст. Вазири тоҷик таъкид намудааст, ки роҳбарияти Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки бо такя ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ тамоми масоили рӯзмарраро ҳал намуда, рушди ҳамкориҳоро дар фазои субботу оромӣ таъмин намояд.
Аслов изҳори умедворӣ кардааст, ки мулоқоти қарибулвуқӯи президентҳои ҳар ду кишвар дар ҳошияи ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе ба раванди рушди ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Сафири Қирғизистон дар навбати худ иброз доштааст, ки тамоми кӯшиши худро барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо равона хоҳад кард.
Ниёзов дар мақоми сафирӣ Урмат Саралаевро иваз кард, ки дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони қирғизу тоҷик ба ватан хонда шуда, раисиҷумҳури Қирғизистон зери қарори барканории ӯ рӯзи 30 июн имзо гузошт.
Ниёзови 63-сола, аз соли 2001 то 2005 низ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон кор карда буд. Ӯ, ки унвони генерал-майориро дорад, солҳои охир ҳамчун котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон ифои вазифа намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |