Шарҳи Арабистони Саудӣ дар бораи кӯчондани қабри Муҳаммад (с)
Мақомоти Арабистони Саудӣ бо нашри як иттилоия иддаои нашрияҳои “The Independent" ва "The Daily Mail”-и Бритониё дар мавриди интиқоли қабри паёмбар (с) аз Масҷиди набавиро такзиб кардааст.
Дар ин иттилоия омадааст, “он чӣ дар бораи интиқоли қабри паёмбар (с) дар маҷаллаи илмии раёсати умури Масҷидулҳаром ва Масҷиди набавӣ нашр шудааст, танҳо як пажуҳиш мебошад ва давлат дар ин бора қарореро содир накардааст”.
Мақомоти Саудӣ гуфтаанд, иддаои “The Independent" ва "The Daily Mail”, ки навиштаанд, қабри паёмбар (с) аз макони кунуниаш интиқол меёбад, ҳақиқат надорад. Ба гуфтаи онҳо, нақшаи васеъ кардани Масҷиди набавӣ ду соли пеш тасдиқ шуда, дар он интиқоли қабри Муҳаммад (с) зикр нашудааст.
“Ҳайати уламои Саудӣ қарор кардаанд, Масҷиди набавӣ ё ба таври уфуқӣ аз тарафи шимол васеъ карда мешавад ё болои он ошёнаи дигаре илова мегардад”,-гуфта шудааст дар иттилоияи мақомоти Арабистони Саудӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |