Эълони оташбаси “баҳсбарангез” баъди суҳбати Путин бо Парашенко
Дар пайи суҳбати телефонии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ҳамтои украинияш, Петр Порошенко Киев расман оташбас эълон кард.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Украина иттилоъ медиҳад, тавофуқот дар бораи оташбас зимни гуфтугӯи Порошенко бо Путин ба даст омадааст.
Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин ҳосил шудани тавофуқот дар бораи оташбасро зимни суҳбати Путин бо Парашенко ғайриимкон хондааст, чун ба гуфтаи ӯ Русия ҷониби даргир нест, ки ба созиш ояд.
Песков дар шарҳи муҳтавои суҳбати раисони Украинаю Русия гуфтааст, “Путину Порошенко воқеан қадамҳоеро, ки барои қатъи ҷанг миёни ҷудоихоҳон ва нирӯҳои Украина мусоидат мекунанд, баррасӣ карданд, вале Русия ба далели тарафи даргир набудан, наметавонад дар бораи оташбас созиш кунад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |