Мурофиаи “хакер”-и ноболиғи тоҷик дар Душанбе
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ парвандаи ҷиноӣ алайҳи як ноболиғро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки тариқи барномаи махсус маблағи ширкатҳои соҳаи мобилиро аз худ мекардааст.
Ба иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ зимни мурофиа муайян шуд, ки ноболиғ Ҳ,С ба системаи биллингии «ССП-Пайванд» пайваст шуда, бо истифодаи барномаи телефонӣ маблағҳои муштариёни ширкати «ТТ Мобайл»-ро тариқи хизматрасонии «СМС-денги» ба суратҳисобҳои дигар гузаронида минбаъд онҳоро ба шахсони роҳгузар мефурӯхтаасту маблағҳоро нақдӣ мекардааст. Манбаъ мегӯяд, дар маҷмуъ ин ноболиғ ба ширкати «ССП-Пайванд» 11 ҳазору 620 сомонӣ зарар расондааст.
Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ гуноҳашро иқрор кардааст ва бародараш зарари расондаро пурра барқарор намудааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, бо назардошти ин ва синусолаш нисбати ноболиғ ҷарима дар ҳаҷми 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 2000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |