Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Русия дар маркази фарҳангии вазорати корҳои хориҷии он кишвар аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҷлил шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, дар ин маросим сафирону роҳбарони дипломатии кишварҳои хориҷии муқими пойтахти Русия, сарварони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва кормандони расонаҳои хабарӣ ширкат доштанд. Дар расми ифтитоҳи маросими ҷашнӣ Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия суханронӣ намуда, аз таърихи давлатдории тоҷикон, дастоварду комёбиҳои ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, муносибату равобити дипломатӣ ва роҳандозӣ гардидани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои дуру наздик ёдовар шуд. Зимнан, М. Л. Богданов, муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия сафири Тоҷикистон дар кишвараш ва тоҷикону тоҷикистониёнро бо бистумин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфта, аз ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ кард. Баъди маросими расмӣ барномаи консертӣ бо ширкати ҳунармандони маъруфи кишвар, аз ҷумлаи Ноҳид Зайналпур, Дилором Қурбонова ва раққосаҳои дастаи ҳунарии «Зебо» сурат пазируфт. Ҳамчунин, дар ин маҳфил овозхонони маъруфи Русия Валерий Струков ва Авраам Руссо низ ҳунарнамоӣ карданд. Гузашта аз ин, барои ошноии бештари меҳмонон бо фарҳангу суннатҳои миллии тоҷикӣ, дар яке аз толорҳо намоишгоҳи намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва анвои гуногуни либосҳои миллӣ, сӯзанӣ ва кандакориҳо ба маърази тамошо гузошта шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр