Баста шудани ройзаниҳои Эрон дар Судон ба иттиҳоми таблиғи мазҳаби шиа
Судон фаъолияти се маркази ройзании Эрон дар қаламрави худро манъ карда, барои кормандонашон 72 соат муҳлат додааст, то ин кишварро тарк кунанд.
Ин амр рӯзи 2 сентябр содир гардида, масъулини марокизи ройзании фарҳангии Эрон дар таблиғи густурдаи мазҳаби шиа дар Судон муттаҳам шудаанд.
Нахустин маркази ройзании Эрон дар Судон соли 1988 дар давраи ҳукуматдории Содиқ Маҳдӣ, ки пеш аз инқилоб зимоми қудратро дар ин кишвар дар даст дошт, таъсис ёфтааст.
Ҷумҳурии Судон яке аз кишварҳои арабзабон дар шимолу шарқи Африқо буда, пойтахти он Хартум мебошад. Наздик ба 30 миллиону 848 ҳазор аҳолӣ дорад, ки беш аз 98 дарсадашро мусулмонон ташкил медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |