Бахшҳо

Мавзуна Чориева: Барои муштзанӣ дар Корея омодагии ҷиддӣ гирифтаам

Мавзуна Чориева, муштзани шинохтаи тоҷик мегӯяд, барои қувваозмоӣ дар Бозиҳои XVII-уми Осиё омодагии ҷиддӣ гирифтааст.

Ӯ 3 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҷиҳати иштирок дар ин бозиҳо рӯзи 16 ё 17 моҳи ҷорӣ ба шаҳри Инчони Ҷумҳурии Корея парвоз хоҳанд кард. Мавзуна Чориева мегӯяд, шояд 24 сентябр ринг барояд: “Омодагиҳои ман хуб аст. Барои пирӯзӣ ҳаракат мекунем, боз Худо худаш медонад, ки муваффақ мешавам ё на”.

Дар бозиҳои XVII-уми Осиё, ки аз 19 сентябр то 4 октябр дар шаҳри Инчони Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад, беш аз 100 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд. Парчами Тоҷикистонро дар рӯзи оғози бозиҳо Мавзуна Чориева мебардорад. Бозиҳои Осиё аз рӯи 18 намуди варзиш, монанди бокс, дзюдо, муҳорибаи юнониву римӣ, варзиши сабук, таэквандо, карате, камонварӣ ҷараён мегирад.

Номи Мавзуна Чориева баъд аз пирӯзияш дар Олимпиадаи тобистонаи соли 2012 дар Лондон расонаӣ шуд. Ӯ дар тӯли бист соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зани ин кишвар буд, ки дар Олимпиада медал ба даст овардааст. Дар пайи ин пирӯзӣ ба Мавзуна Чориева шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷрагӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд. Инчунин, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонд.

Чориева баъдан, моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва онҳо ҳоло соҳиби як духтаранд. Мавзуна мегӯяд, боксро худ интихоб кардааст ва аз роҳаш намегардад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)