Даргузашти сарояндаи маъруфи тоҷик дар Сочӣ
Даврон Алиматов, ҳунарпеша ва овозхони маъруфи тоҷик рӯзи 1-уми сентябр дар синни 64-солагӣ дар шаҳри Сочии Русия аз олам гузаштааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Ҷӯра Юсуфӣ хабар дода, афзуд, ки марҳум аз касалии қанд ва дарди дил ранҷ мебурд ва баъди ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон барои табобат озими Сочӣ шуда буд. Ба иттилои манбаъ феълан ҷасади Алиматов ба Ватан интиқол дода шуда, маросими видоъ бо ӯ фардо, 3-юми сентябр дар театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар назар аст.
Алиматов зодаи Хуҷанд, хатмкардаи Донишкадаи театрии Маскав, беш аз 40 сол дар саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ ва овозхонӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |