Мақомот: Сурайё Қосимоваро наздиконаш ғорат кардаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи 4-нафарӣ хабар дод, ки дар ғорати манзили сарояндаи маъруф - Сурайё Қосимова муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, аз манзили Қосимова дар Кӯлоб аз ҷевони оҳанин ҷавоҳироту планшет, ҷамъ ба арзиши 24 ҳазор доллари амрикоӣ дуздида шуда, барои пинҳон кардани иззи ҷиноят хона оташ зада шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки феълан бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят чор сокини шаҳри Кӯлоб - Қосимова Муҳайё, соли таваллудаш 1985, Аҳророва Матлюба, соли таваллудаш 1982, Аҳроров Ҷумахон соли таваллудаш 1987 ва Бегназарова Музаян, соли таваллудаш 1970 дастгир карда шуданд: “Аз боздоштшудагон далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуд.”
Ин дар ҳолест, ки манбаи "Озодагон" мегӯяд, муттаҳамон дар ин дуздӣ наздикони Қосимова, аз ҷумла боздоштшуда Муҳайё Қосимова, духтари бародари марҳумаш ва дигарон ҳамсояҳояш мебошанд.
Ин ниҳод меафзояд, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.
Дуздӣ дар хонаи Сурайё Қосимова шаби 24 ба 25-уми июл, замоне сурат гирифт, ки духтаронаш-Шабнам, Фарзона ва Бибирӯзигул дар зиёрати хонаи Худо қарор доштанд. Қосимова аз сарояндаҳои маъруфи Тоҷикистон буда, роҳбарии ансанбли Фалак дар вилояти Хатлонро ба уҳда дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |