Эълон барои ишғоли 20 курсии холӣ дар Вазорати нақлиёт
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои ишғоли 20 мансаби холӣ дар ин ниҳод озмун эълон кардааст.
Ин ниҳод имрӯз, 2-юми сентябр бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, ки феълан курсии муовини сардори Раёсат-сардори шуъбаи ҳамлу нақли автомобилӣ ва бехатарӣ дар нақлиёт, сармутахасиси шуъбаи ҳамлу нақли автомобилӣ ва бехатарӣ дар нақлиёт, мутахассиси шуъбаи ҳамлу нақли автомобилӣ ва бехатарӣ дар нақлиёт, сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо, сармутахассиси шуъбаи ахбори фаврӣ, сармутахассиси шуъбаи фурудгоҳҳо ва фазои ҳавоӣ, сардори шуъбаи истифодабарии техникӣ ва фазои ҳавоӣ, муовини сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ, мутахассиси пешбар, мутахассиси шуъбаи иттилоотӣ, мутахассиси шуъбаи кор бо сармоягузории хориҷӣ интизори соҳибони наванд.
Вазорати нақлиёт мегӯяд, довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ин ниҳод дар кӯчаи Айнӣ 14 ошёнаи 3 тайи 14 рӯзи оянда муроҷиат намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |