Волии Балх ба ҳаводоронаш гуфт барои тазоҳурот омодагӣ бинанд
Ато Муҳаммад Нур – волии вилояти Балхи Афғонистон аз ҳаводорони худ хост, барои баргузории як тазоҳуроти густурда омодагӣ бинанд.
Волии Балх дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, “аз шахсиятҳову ҷараёнҳои сиёсии кишвар, аз ҷумла афроди бонуфӯз ва уламои гиромӣ мехоҳам, барои роҳандозии як ҳаракати сабз ва норинҷӣ, ки қаблан огаҳӣ дода будам, тамоми тадобир ва иқдомоти лозимиро гиранд.”
Ато Муҳаммад Нур гуфтааст, барои оқибати ин тазоҳурот афроде посух хоҳанд гуфт, ки дар тақаллубкории раванди интихобот даст доранд.
Ин дар ҳолест, ки волии вилояти Балхи Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири омехта бо хандаи Ашрафғанӣ Аҳмадзай – номзади даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар аз шӯриши зидди Кобул дубора қаблан ҳушдор дода буд. Ӯ гуфта буд, “дар сурате болои мо зулм ва қазоват ноодилона мешавад, дар эътироз ба он аз тамоми нофармониҳои маданӣ истифода хоҳем кард.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |