Масъули мубориза бо терроризм роҳбари амнияти Бадахшон шуд
Нусрат Мирзоев, раиси нави раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон таъин гардидааст. Як манбаъ аз мақомот бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, Мирзоев то таъинаш ба вазифаи нав роҳбарии Раёсати мубориза бо терроризмро ба уҳда дошт. Ҷаноби Мирзоев аз ҷумлаи кадрҳои болаёқати Кумитаи амнияти миллӣ арзёбӣ мешавад, ки таҷрибаи кор дар минтақаи Бадахшонро дорад.
Ин таъинот дар ҳолест, ки қаблан сардори шӯъбаи умури дохилии Хоруғ низ иваз гардида, Қиёмиддин Низомиддинов дар ин мақом Бахтдавлат Бахтдавлатовро иваз намуд. Аз ин пештар, генерал Абдулло Навҷувонов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, муваққатан сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон таъин гардид. Файзулло Нозимов, сардори собиқи Раёсати умури дохилии Бадахшон дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Хоруғ барканор гардид. Аз мақом дур шудани ӯ дар қатори барканории раҳбарони Идораи амнияти миллӣ ва додситонӣ дар Хоруғу Бадахшон яке аз талабҳои эътирозгарон буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |