Амрико дар Тоҷикистон “ҷойи пояш”-ро мустаҳкам мекунад?

Дар пасманзари кӯмакҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон бархе расонаҳои хориҷӣ навиштаанд, Вашингтон ҳузури худро дар ин кишвар таҳким бахшиданист.
Торнамои Asia Report ба кӯмаки ахири Амрико ишора кардааст, ки дар доираи он ИМА дар чорчуби Барномаи мубориза алайҳи маводи нашъаовари сафораташ дар Тоҷикистон маблағи 576 ҳазор доллар ба агентӣ таҷҳизот тақдим кард. Ин таҷҳизот аз воситаҳои иртибот, тоскулоҳ, камзӯли тирногузар, дастгоҳи мушоҳидаи шабонаю рӯзона ва дурбин иборат буд. Ба иттилои торнамо, агар қарордоди амниятии миёни Амрикову Афғонистон имзо нашавад, Вашингтон маҷбур аст, то 31 декабри соли 2014 тамоми нерӯҳояшро аз хоки давлати исломӣ берун созад. “Дар чунин шароит мақомоти низомии ИМА вариантҳои мухталифи мустаққар намудани як ҳиссаи аз Афғонистон берунмешудаи ҳарбиёнашро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳад кард. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1344 километр марзи муштарак дорад, барои назорати вазъи ин кишвар шароити нисбатан хуберо дорост”,-илова мекунад манбаъ.
Қаблан, бархе аз коршиносон ҳадс мезаданд, ки Амрико мехоҳад баъди хуруҷи неруҳояш аз Афғонистон, пойгоҳи низомияшро дар Узбакистон мустаққар созад. Торнамои Uzmetronom бо ишора ба мулоқоти мақомҳои баландпояи Узбакистону Амрико навишта буд, Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои мустаққар кардани пойгоҳи нави ҳарбӣ дар шаҳри Тирмиз омодааст, солона ба Узбакистон 1 миллиард доллар бидиҳад. Аммо Вазорати умури хориҷии Узбакистон бо нашри изҳороте эълон кард, дар ҳудуди кишвараш ҳеч пойгоҳи низомии хориҷӣ мустаққар нахоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |