Нопадид шудани ректори донишгоҳ, дӯсти духтари президент
Бо гузашти якуним ҳафта аз ғайб задани ректори Донишгоҳи давлатии Урганҷ ба номи Ал-Хоразмии Узбакистон ҳанӯз аз ӯ дарак нест, хабар додааст Ҳаракати мардумии Узбакистон.
Якбора нопадид шудани Рӯзимбой Эшҷонов, доктори улуми биологӣ сару садоҳои зиёдеро ба миён овардааст. Тибқи бархе овозаҳо, ӯро кормандони амниятӣ бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят калон боздошт кардаанд. Аммо чунин иттилоъ низ ҳаст, ки Эшҷонов қабл аз он ки дастгир шавад, тавониста қаламрави Узбакистонро тарк намояд.
Прокуратураи вилояти Хоразм тасдиқ кардааст, ки алайҳи ректор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. “Бино ба маълумоти раёсати Хадамоти амнияти миллӣ, Эшҷонов пайваста пора гирифта, онро дар ҳисоби бонкияш дар бонкҳои Аврупо мегузоштааст. Ба ҷуз ин, ӯ дар Фаронса, Белгия ва Швейтсария манзилҳои боҳашамат харидорӣ кардааст”,-гуфтааст як корманди прокуратура.
Торнамои Ҳаракати мардумии Узбакистон аз нақли ин корманди додситонӣ гуфтааст, раёсати амният ва прокуратура қаблан аз ҷиноятҳои ректор огаҳ буд, аммо бо далели дӯстияш бо Гулнора Каримова, духтари калони президенти Узбакистон алайҳи ӯ чорае намеандешид. “Эшҷоновро худи Гулнора Каримова ҳифз мекард. Ректор ҳангоми сафари духтари президент ба Хоразм пайваста ӯро ҳамроҳӣ мекард ва бо ин васила муносибаташро бо вай мустаҳкам намуд”,-афзудааст манбаъ.
Рӯзимбой Эшҷонов моҳи январи соли 2007 ректори Донишгоҳи Урганҷ таъин шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |