Боздошти ҷонишини директор барои фурӯши аттестат
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар рӯзи аввали соли хониш аз боздошти Ойшамо Шодавлатоваи 44 сола, ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17-и пойтахт хабар дод.
Ба иттилои торнамои оҷонсӣ, Шодавлатова дар фурӯши аттестати синфи 11 муттаҳам мешавад. Манбаъ менависад, ӯ аз Саломов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои ба писараш додани аттестати маълумоти миёнаи пурра, 750 доллар талаб намудааст. “Нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 324 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”,-меафзояд сарчашмаи хабар.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |