Иштироки Ато Муҳаммад Нур дар ҷашни истиқлоли Узбакистон
Ато Муҳаммад Нур – волии вилояти Балхи Афғонистон бо даъвати мақомоти Сурхондарё аз ин минтақаи Узбакистон боздид кардааст. Оқои Нурро дар ин сафар раиси Шӯро, сардори пулис, раҳбари намояндагии Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар вилояти Балх ҳамроҳӣ кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти вилояти Балх ин сафари Ато Муҳаммад Нур ба вилояти Сурхондарё рӯзи 30 августи соли ҷорӣ сурат гирифта, ҳадаф аз он иштирок дар ҷашни 23-умин солгарди истиқлолияти Узбакистон арзёбӣ мешавад.
Ато Муҳаммад Нурро дар вилояти Сурхондарё Эшдавлат Ҷураев – раҳбари ин минтақа пешвоз гирифтааст. Ҳангоми суханрониаш аз равобити дуҷонибаи Узбакистону Афғонистон, аз ҷумла ду вилояти ҳаммарз қадрдонӣ карда, ба таҳкими ин муносибатҳо ишора намудааст.
Волии Балх дар идома аз Узбакистон ҳамчун шарики дусти Афғонистон ва ҳамсояи накӯ ном бурда, гуфтааст, ин кишвар дар рушди тиҷорию фарҳангӣ ва иқтисодии ватанаш нақши муҳим дорад. Инчунин ӯ аз мақомоти Узбакистон барои фароҳамоварии заминаҳои бозоргонӣ ба тоҷирони афғон сипосгузорӣ карда, ба густариши ин равобит таъкид кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |