Сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон бо маркази мутолиоти Эрон ва АвруОсиё дар Теҳрон, ки бо забонҳои форсӣ ва англисӣ матлаб нашр мекунад, мусоҳибаи ихтисосӣ кардааст.
Давлаталӣ Ҳотамов, дипломати тоҷик сӯҳбати мазкурро ба ифтихори 20 –солагии истиқлоли Тоҷикистон ва дар доираи сафари расмии президенти Эрон доктор Маҳмуд Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, ки аз 4 то 5 сентябр идома ёфт, анҷом додааст. Ҳотамов зимни мусоҳибаи ихтисосиаш ба шароит ва имкониятҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ишора намуда, перомуни комёбиҳои дар солҳои истиқлолият ба дастовардаи Тоҷикистон ва сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон табодули назар кардааст. Сафир зимни мусоҳиба таъкид намудааст, ки Эрон дар ҳоли ҳозир яке аз шарикони қавии иқтисодии Тоҷикистон буда, ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар беш аз пеш меафзояд.{jathumbnail off}
Мӯҳр