Ба кор шуруъ кардани студияи телевизионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Студияи таълимии телевизионии “Фурӯғ”-и кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба фаъолияти худ шуруъ кард. Маросими фаъолсозии студияи мазкур рӯзи 1 сентябр бо иштироки Абдураҳмон Қодирӣ – раиси вилояти Суғд ва Раҷаббой Аҳмадзода – раиси шаҳри Хуҷанд баргузор шудааст.
Ин студия бо ҳадафи омода кардани кадрҳои баландихтисос ва бисёрсоҳаи журналистика боз шуда, ояндаи наздик дар заминаи он кафедраи телевизион ва радио низ кушода мешавад. Студияи таълимии телевизионии “Фурӯғ”бо маблағи ҳудуди 60 ҳазор сомонӣ ташкил гардида, он пурра бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Дилбар Самадова, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ, таъсиси чунин студияи телевизиониро орзуи деринаи омӯзгорону донишҷӯёни кафедра арзёбӣ намуда, гуфт, он бо мусоидати раиси вилояти Суғд -- Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд -- Ғафур Усмонов амалӣ гардидааст. “Он маводе, ки донишҷўёни кафедра дар студия таҳия менамоянд, тариқи телевизионҳои маҳаллии «СМ-1», «Азия», «Танин» ва «СТВ» намоиш дода мешавад”,- илова кард Дилбар Самадова.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |