Раҳоии гаравгони 22-солаи тоҷик аз банди қочоқбарони афғон
Ҳотамхон Назриев, сокини 22-солаи ноҳияи Шӯрообод, ки як моҳ пештар аз ҷониби қочоқбарони афғон рабуда шуда буд, зимни як амалиёти муштараки мақомоти амниятии тоҷику афғон озод шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” як манбаъ аз мақомоти Тоҷикистон хабар дода, афзуд, феълан Назриев, сокини деҳи Овиёи Шӯрообод, дар Хатлон аст ва мавриди пурсиши муфаттишон қарор дорад.
Манбаи “Озодагон” гуфт, Назриев дар пайи гуфтушуниди мақомоти тоҷику афғон аз дасти қочоқбарон озод шуд ва тибқи иттилои пешакӣ ӯ ҳамкорие бо онҳо надоштааст: “Ӯро барои қарзи як сокини дигари Шӯрообод рабудаанд, ки аз қочоқбарони афғон маводи мухаддир гирифтааст, вале ба даст афтода, феълан дар маҳбас қарор дорад”.
Ин аввалин ҳолати гаравгонгирии сокинони Шӯрообод аз сӯйи афғонҳо набуда, дар гузашта ҳам чунин ҳодисаҳо иттифоқ афтода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |